- гап
- [گپ]1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ2. сухани беасос, лоф3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап-гап а) гуфтугӯ, чақ-чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш-миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи бемаврид; сухани ноҳақ; гапи бофта сухани беасос; гапи дағал сухани дурушт; гапи дурӯғ сухани норост, гапи аз ҳақиқат дур; гапи дурӯғ по надорад (зарб.); гапи духӯра сухани думаънидор, гапе, ки ду хел – мусбат ва манфӣ фаҳмида мешавад; гап(ҳо)-и кадучадор суханҳои пичингдор, ҳарфи кинояомез; гапҳои кӯчагӣ а) суханҳои беасос, дурӯғ; овозаи дурӯғ ва беасос; б) суханҳои беадабона ва носазо; гап(ҳо)-и майда-чӯйда суханҳои беҳуда ва камасос, суханҳои беаҳамият ва камарзиш; гапи муҳим сухани зарур, гапи даркорӣ; гапи нав // гапи тоза сухани тоза; хабари тоза; гап(ҳо)-и набуда(гӣ) суханҳои беҳуда ва беасос; гап(ҳо)--и пасту баланд суханҳои тезу тунд; суханҳои ноҳамвори дағали дар вақти хашму ғазаб гуфташуда; гапи пухта сухани эътимоднок, гуфтори боварибахш; гапи рост сухани ҳақ; гапи сахт сухани дағал, ҳарфи дурушт; гапи тоза ниг. гапи нав; гап(ҳо)и умумӣ суханҳои ба ҳама маълум, суханҳои обшуста; гап(ҳо)-и фачу бемаза суханҳои бемаънӣ, гуфтори пучу беасос; гапи хунук сухани нофорам, ки шуниданаш ба кас ҳиссиёти бад мебахшад; гапи хушк сухани пуч ва бемаънӣ; сухани беамал; гапи ширин // сухани ширин сухани нарм ва гуворо, гапи форам, муомилаи ҳалимона; мор ба гапи ширин аз хонааш баромадааст (мақ.); гап(ҳо)-и ғалатӣ суханҳои аҷоиб; гапи ҳақ сухани рост; гапу калоча сухани майда-чӯйда, суханҳои бисёри саргуми беҳуда; асли гап моҳияти ҳаққи гап; моҳияти фикру масъала; дар рафти гап ҳангоми сӯҳбат, вақти муколама; дар омади гап дар ҷараёни сухан, зимнан; дар мавриди муносибати сухан; таги гап асли матлаб, моҳияти масъала; хулласи гап хулласи калом, хулоса; бе ҳеҷ гап лом нагуфта, бидуни эътироз; як даҳан гап сухани ниҳоят кам, як-ду ҳарф; гап баромадан ҳар гуна овоза ё миш-мишҳо пайдо шудан; гап бофтан суханҳои беҳуда гуфтан, гапи беасос гуфтан; гап гирифтан аз касе а) қавл гирифтан аз касе, ӯҳдадор кардан касеро; б) аз гуфтаҳои касе сирру асрорро фаҳмида гирифтан; суханчинӣ кардан; гап гузаронидан фикри худро маъқул кунонидан, раъйи худро тасдиқ кунонидан; гап додан а) бисёр гап задан, пургӯӣ кардан; б) лаққидан, гап фурӯхтан; в) маҷ., лаҳҷ. дар навбати худ зиёфати гаштакро додан; гап доштан чизеро гуфтанӣ будан, хоҳиши изҳор кардани чизе ба касе; гап ёд додан ба касе сухан омӯхтан, гуфтани чизеро омӯзондан, суханеро ба касе талқин кардан, ки дар фикри худи он шахс набошад; гап задан а) сухан гуфтан, ҳарф задан; гуфтугӯ кардан, мубодилаи афкор намудан; аз чизе сухан кардан, фикр баён намудан дар хусуси чизе; б) бо касе гуфтугӯ кардан барои розӣ кунондани он ба коре; гап зада гап гирифтан а) гуфтугӯ кардан, сӯҳбат намудан, мубодилаи афкор кардан; б) ҳарфе зада ҷавоби сазовор гирифтан, ба касе гапе гуфта баъд ба бало мондан; гап занондан тарзи бавоситаи гап задан; ба сухан даровардан, ба гуфтугӯ водор кардан; гапи касеро буридан // сухани касеро буридан гуфтори касеро қатъ кардан; ба гапзании касе халал расондан; гапи касеро гардондан // сухани касеро гардондан сухани касеро рад кардан; гапи сахт задан сухани дағал гуфтан; маломат кардан, муомилаи дурушт кардан бо касе; гап кардан чизе ё касеро овозаи бад паҳн кардан дар бораи чизе ё касе; бадном кардан касеро; гап-гап кардан гуфтугӯ кардан, сӯҳбат намудан, гап задан; гап кофтан касеро гап занондан барои фаҳмида гирифтани чизе; кунҷковӣ кардан, тагпурсӣ кардан; гап кушодан гап сар кардан, сухан оғоз кардан (дар бораи касе, коре); бо мақсаде гаперо ба миён овардан; гап маъқул кардан (кунондан) сухан фаҳмондан, гап фаҳмонда розӣ кардан касеро; гап наёфтан аз гуфтани ҷавобе оҷиз мондан; чизе гуфта натавонистан; гап омадан фавран ба гуфтани чизе эҳтиёҷ пайдо шудан; забон боз шудан; фаро расидани мавқеи сухан гуфтан; гап парондан ба касе ягон сухани кинояомез ба касе расонда гуфтан, сухани ба асаби касе расандаро ба ӯ гуфтан; гап партофтан а) бо мақсади ба гуфтугӯ даровардани касе сухане гуфтан; ба духтарҳои ношинос сухан гуфтани касони беадаб; б) дар хусуси чизе сухан сар карда, раъйи касеро дар бораи он чиз фаҳмиданӣ шудан; луқма додан; гап расидан ба касе мавриди маломат гардидани касе аз боиси коре; гап расондан ба касе а) хабардор кардани касе аз чизе; б) ба маломату сарзаниш дучор кардан касеро; гап сар кардан (намудан) сухан оғоз намудан, ба суханронӣ шурӯъ кардан; гап(на)форидан майли суханшунавӣ (на)будан, майли гап гӯш кардан (на)доштан; гап фурӯхтан гапҳои беҳударо бисёр гуфтан, лаққидан, сафсата гуфтан; гап чала мондан гуфт. сухан нотамом мондан; хотима наёфта қатъ шудани баҳсе; гап чидан гап гӯш карда сирро фаҳмидан, суханчинӣ кардан; гап-гап шудан гуфтугӯ шудан, сухан рафтан; баҳс шудан; гапу гапча шудан овоза шудан, ба даҳони мардум афтодан; гап шунидан а) сухан гӯш кардан; б) мавриди маломат ва сарзаниш қарор гирифтан; гап яла кардан гуфт. гап сар кардан, сухан оғоз кардан; гап аз як ҷо баромадан ҳамфикр будан, мувофиқу муттафиқ будан (доир ба чизе ё иҷрои коре); гапро ба болои чизе ё касе овардан суханро ба касе ё чизе оид кунондан, дар аснои гуфтугӯ ба касе ё ба масъалае дахл кардан; гапро ба худ гирифтан суханеро ба худ дахлдор дониста мутаассир шудан, ранҷидан аз сухане; гапро ба шӯхӣ гардондан ба гуфторе оҳанги шӯхӣ додан, ба гапи ҷиддӣ ранги шӯхӣ додан; гапро ба (дар) як ҷо мондан ба як қарор омадан; масъаларо пухта кардан; гапро бисёр кардан бисёр гап задан, лақидан; гапро гум кардан чӣ гуфтани худро надониста мондан, риштаи суханро гум кардан; гапи касе дар замин намондан сухани касе бетаъсир намондан, беэътибор намондани ҳарфи касе; гап дар (сари) чизе будан сухан рафтан дар бораи чизе; ба чизе вобаста будани масъалае; гапро дароз кардан суханро кашол додан, бисёр гап задан; гапро дигар кардан а) мавзӯи суханро дигар кардан, гуфтугӯро тағйир додан; б) маҷ. аз раъй баргаштан, аз қарордод гаштан; гапро дониста задан (гуфтан) бо мулоҳиза сухан гуфтан, масъалаеро дуруст фаҳмида, дар бораи он чизе гуфтан; гапро кашол додан пургӯӣ кардан, гапро бисёр кардан; гапро кӯтоҳ кардан суханро мухтасар кардан; суханро қатъ кардан, аз гап бозистодан; гапро харида гирифтан гапе гуфта дар маломат мондан, боиси гапҳои зиёдатӣ шудан; гапро як кардан гапро пазондан, ба як қарор омадан, гапро ба як ҷо мондан; гапро ба ҷояш хӯрондан муносиби мавриду мақом гап задан, сухани хеле бамавқеъ гуфтан; аз бинӣ боло гап задан ниг. бинӣ; аз гапи касе набаромадан мувофиқи раъйи касе кор кардан, мувофиқи гуфтаи касе амал кардан; аз гапи худ гаштан ваъдахилофӣ кардан, ба қавлу қарордоди пешинаи худ пойдор набудан; аз гап камӣ надоштан гапдон будан, дар сухангӯӣ моҳир будан; аз даҳони касе гапашро гирифтан а) сухани касеро буридан; б) маҷ. касеро забонкӯтоҳ кардан; аз касе гап намондан аз масъала хабардор будан, ҳамаро донистан; ба гап андохтан ба гуфтугӯ даровардан, ҳарф занондан; ба гап гирифтан касеро ба гап андармон кардан касеро, ба гап андохта боздоштан касеро; ба гап гӯш кардан сухан шунавидан; мувофиқи гуфтаи касе амал кардан, розӣ шудан ба гуфтаи касе; ба гапи касе гӯш андохтан сухани касеро шунидан; мувофиқи гуфтаи касе амал кардан, сухани касеро ба эътибор гирифтан; ба гап даровардан розӣ кунондан; розӣ кунонда ба роҳи худ андохтан; ба гап даромадан сухан сар кардан, ба суханронӣ шурӯъ кардан; ба гапи касе даромадан а) ба гуфтаи касе эътибор додан, мувофиқи гуфтаи касе амал кардан; б) бовар кардан ба гапи касе; ба гап рафтан бо касе пасту баланд гап задан, тезу тунд шудан бо касе; ба гап усто будан гапдон будан, дар суханронӣ маҳорат доштан; ба гап ҳамроҳ (қатӣ) шудан ба гуфтугӯи дигарон ҳамроҳ шудан, ба сӯҳбат шарик шудан; ба гап ҷома пӯшондан а) доди сухан додан, бо обу ранг сухан кардан; б) аз ҳад зиёд таъриф карда сухан гуфтан; таги гапро фаҳмидан ҳақиқати ҳолро донистан, моҳияти масъаларо дарк кардан; таноби гап канда шудан риштаи сухан бурида шудан, қатъ гардидани гуфтор; (як) гапи касеро ду накардан итоаткор будан, фармудаи касеро бегуфтугӯ иҷро кардан; гап дар ин (он) ки… масъала дар ин ҷост, ки …; гап ҳамин… ҳамин тавр…, беҳтараш ҳамин…; боз як гапе буд афвпазир буд, бахшидашаванда буд, дарди бахайр буд; ин гапи дигар… ин беҳтар аст (таъбири изҳори розигӣ ва қаноатмандӣ аз коре ё сухане); ин чӣ гап, ки… аз рӯи кадом қоида…, кай дида шудааст, ки…; рости гап ҳақиқатан, дар ҳақиқат; дурусттараш; хуб гап хуб мешуд, хуб буд; қаноатманд шудан мумкин аст; чӣ гап? чӣ воқеа рӯй дод?, чӣ ҳодиса шуд?, чӣ шуд?; гап кашол (аст) ҳалли коре ё масъалае дар таъхир будан, ҳоло нарасидани фурсати иҷрои коре; рости гапро гуфтан ҳақиқати ҳолро баён кардан, асли воқеаро гуфтан…; таги гапро напурсида ҳақиқати ҳолро нафаҳмида, ба масъала сарфаҳм нарафта; таҳти гапро пурсидан… аз моҳияти масъала хабардор шудан, ҳақиқати ҳолро фаҳмидан хоҳӣ…; хеле гап ҳаст гап кашол, гап бисёр; вақти зиёде лозим аст; ҳеҷ гап нашудан ҳодисае рӯй надодан, осебе нарасидан; ҷои гап набудан худ аз худ равшан будан; бешакку шубҳа; гап аз гап баромадан як гап сабаби гуфтани гапи дигар шудан, аз як гап гапи дигар сар задан; гап нагузаштан эътибор надодани сухан; гап гурехтан ҳусни тафоҳум аз байн рафтан; муносибат вайрон шудан; гап (на)пухтан ба як қарор (на)омадан, созиш карда натавонистан; гап дар байн (дар ҳамин ҷо) мондан аз ин сухан ҳеҷ касро хабардор накардан, ин сухан ба берун набаровардан; дар байн гап гузаштан аз якдигар ранҷидан, муносибат каме бад шудан; гапи бисёр ба хар бор (зарб.) сухани зиёдатӣ зарар меоварад, фоида надоштани пургӯӣ; гапи хона ба бозор (ба кӯча) рост намеояд (зарб.) шароити ҳар ҷоро ба назар гирифтан; нонро (нона) калон газу гапро (гапа) калон назан (зарб.) бештар будани зарари калонгапию манманӣ нисбат ба зарари пурхӯрӣ (дар мавриди насиҳат гуфта мешавад); як гап сию ду (шасту чор, сесаду шаст) паҳлу дорад (зарб.) (дар мавриди таъкиди зарурати андеша карда гап задан гуфта мешавад); ҳар сухан маънои зиёде дорад; гап-гап овоза, гапу калоча; гап-гап аст, ки… овоза аст, ки◊ гапи калон кори шоёни таҳсин; хуб аст, бисёр хуб мешавад; хуб гап (дар мавриди изҳори қаноатмандӣ аз коре гуфта мешавад); гап якто! қарор қатъист, дигар хел намешавад!
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.